Ватанам Тоҷикистонам ҷавонӣ,

Хуросон:  

Рӯз аз рӯз ободтару зеботарӣ.

Бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, ташкилотҳои хориҷӣ, роҳбарияти Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон,тамоми кормандони беморхона, кӣ дар маҷмӯъ ҳама ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, яъне аъзои фаъоли ҲХДТ мебошанд, дар рӯзҳои наздик бинои нави шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон мавриди истифода қарор хоҳад ёфт ва ба мардуми ноҳия ва берун аз он хидмати тиббии худро хоҳанд расонд, барои чӣ маҳз берун аз ноҳия, ба он сабаб, кӣ табибони ҷарроҳи мо на танҳо дар ноҳия балки дар тамоми Ҷумҳурии азизамон намоёнанд ба монанди Абдуллоев Ш. ва дигарон ва ин боиси ифтихори мо ҳам ҳаст.