Баргузории Конференсияи ХХ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон.

Хуросон:  

Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон Конференсияи ХХ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон баргузор гардид.

Дар кори Конференсияи ХХ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Хуросон мудири шуъбаи занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоева Гулнора Исломова, раиси ноҳияи Хуросон Аҳмадзода Илҳом  Шамол, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Турсунзода Дустмурод ва Ишмуродов Ҳаким мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон иштирок доштанд. Ҳамзамон дар  Конференсия 21 нафар вакил аз ҳисоби ҲХДТ, 121 нафар ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва корхонаю ташкилотҳо собиқадорон ва фаъолони ҳизбӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштироки фаъолона намуданд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ котибот, комиссисияи мандатӣ, ҳайати таҳририя ва рӯзномаи Конференсия тасдиқ карда шуданд.

Дар кори Конференсия 5 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:

1. Дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар давраи аз моҳи январи соли 2020 то моҳи июли соли 2022

2. Ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  дар давраи ҳисоботӣ

3. Интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон

4. Интихоби ҳайати Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон

5. Интихоби аъзои раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон

Аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Турсунзода Дустмурод  “Дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар давраи аз моҳи январи соли 2020 то моҳи июли соли 2022” ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.

Пас аз шунидани ҳисоботи комиссияи тафтишотии комиҷроия чанд нафар  вакилони Конференсия ба музокира баромада  фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар рафти Конференсия мудири шуъбаи занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоева Гулнора Исломова, раиси ноҳияи Хуросон Аҳмадзода Илҳом Шамол суханронӣ намуда, фаъолияти ҳизбиёни ноҳияро мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Зимни баромад иброз гардид, ки ҲХДТ ба муқаддасоти миллӣ, арзишҳои маънавӣ, забони модарӣ, таъриху фарҳанги қадима, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша арҷ гузошта, бо ҷалби нерӯи ҷавонон ҷиҳати бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ, истифодаи имкониятҳо дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва татбиқи рукнҳои дигари демократӣ дар ин замина, бо усулҳои муосири таъсиррасонӣ корҳои таблиғотиро амалӣ мегардонад.

Дар охир ба як қатор фаъолони ҳизб, собиқадорон Сипосномаҳои КИМ ҲХДТ, КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар муҳити тантанавӣ супорида шуданд.