БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ БАРҚЧИЁН!

Хуросон:  

05.07.2022, имрӯз маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Барқчиён аз руи масъалаҳои зерин:

- ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

- тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидои ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022;

- интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;...

- интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ;

- масъалаҳои ташкилӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон - Ғуломов Саидасрор баргузор гардид.

Ғуломов Саидасрор дар баромади худ аз масъулин талаб намуданд, кӣ фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро пурзӯр намуда тамоми дастуру супоришҳое,кӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ба ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дода мешавад саривақт иҷро намоянд ва доир ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа низ сухан карда шуд.Бо таклифи аъзоёни фаъоли ҲХДТ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ – Аминов Саидқадам аз нав интихоб гардид.