БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ЛОЛА"

Хуросон:  

  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лола - боғчаи рақами 1" маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид ва дар он масъалаҳои зерин:

- натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

- тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022;

- интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

- интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ;

- масъалаҳои ташкилӣ  баррасӣ шуданд.

Саидасрор Ғуломов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар баромади худ вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ мулоҳизаронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои ҳизбӣ ҳамагон бояд фаъол бошем. Дар идома бо таклифи бештари аъзои ташкилот Ҳабиба Кенҷаева аз нав раиси ташкилоти ибтидоии мазкур интихоб гардид.

Дар охир масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур аз рафти таъмири боғча дидан намуда, вобаста ба сифати таъмир ва дигар ободкориҳо баъзе маслиҳатҳо доданд.