АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛӢ

Хуросон:  
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар ин бобат баҳри расидан ба аҳдофе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида мешавад.
Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст.
Баҳри дар амал тадбиқ намудани ҳадафи афзалиятноки давлат имруз гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо роҳбарии раиси ноҳияи Хуросон Суризода Н.М. аз боғу токзорҳои АХД "Бибиузбакбӣ" дидан намуданд.
Зимни суҳбат аз тарафи роҳбари АХД - и мазкур иброз гардид, ки ҳосилнокии боғу токзорҳо нисбати солҳои пеш ба маротиб зиёд буда, ба содироти дохилӣ ва берунӣ ворид карда мешавад.
Аксҳо: