Дар замони имрӯза низ гурӯҳҳои хиёнаткор бисёранд.

Хуросон: Вокуниш  

Дар урфият мегӯянд, ки “Чашми ҳасудону бадбинон кур аст”, ки ин сухан комилан дуруст аст.  Зеро имрӯз ҳама шоҳиди ҳолем, ки  бадбинону хоинони миллат, ватанфурӯшон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил гардида, ҳама он ободкориҳову рушди мамлакатро нодида мегиранд ва гӯё намебинанд, ки Тоҷикистони мо имрӯз ба як кишвари пешрафта табдил ёфта, дар ҳама соҳаҳо пешравиву ободонӣ ба чашм мерасад. Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, бадбинону хоинони миллат бошанд, ҳама вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати давлату ҳукумати Тоҷикистон туҳматҳо мезананду бо барномаҳояшон ҷавонони гумроҳу бесаводро бар зидди ин ободиву озодӣ мешуронанд. Яъне онҳо чашми бино надоранд. Онҳоро кури модарзод гӯфтан хато нест. Агар кури модарзод намебуданд, ободиву озодӣ, пешрафту рушду тараққии кишвари моро медиданд. Ободиву пешравӣ, сулҳу субот, ваҳдати комил, якпорчагии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистонро аксарияти давлатҳои ҷаҳон орзӯ менамоянд, аммо ин бадниятону бадфитратон бошанд, ҳамаи инро нодида гирифта, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд осмони софу беғубори моро ифлосу абрнок намуда, нотинҷиро миёни ҷомеъа ба вуҷуд оваранд.

Бояд ҳар яки мо соҳибватанон ва мардуми сарбаланду шарафманди кишвар эҳсос намоем, ки экстремизму терроризм амали номатлуб, сӯзандаву даргиранда аст ва таъсири он имрӯзҳо тамоми кишварҳои оламро ба ташвиш овардааст.  Дар замони имрӯза низ гурӯҳҳои хиёнаткор ба худ хусусияти ҷаҳонӣ касб карда,  кушиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои шуми худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто ба усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу рӯ ба тараққиро ба харобазор табдил диҳанд.  Аз ин рӯ моро мебояд ҳар як амали онҳоро маҳкум намуда, оромиву осоиштагии кишвари азизамонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Миёни аҳоли, хусусан  миёни ҷавонон суҳбату вохӯриҳоро бештар ба роҳ монда, ҳар як амал, мақсаду ҳадафҳои гурӯҳхои террористиву экстремистиро ба таври пурра шарҳ дода, ба ҷавонон фаҳмонем, ки ба фиребу найранги хоинони мансабпарасту пулпараст дода нашаванд.

Равшанзода Шодалӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон.