Ҷавонон-Пайравони Пешвои миллат!

Хуросон: Андеша  

Кишвари азизи мо Тоҷикистон, давлати ҷавону мустақил мебошад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар аз солҳои нахустини ба истиқлол расидан ва татбиқ намудани сиёсати давлат доир ба ин қишри муҳимми ҷомеа ва неруи созандаву бунёдкор афзалияти бештар муқаррар намуд. Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муоисири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

23 май дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши арзишманду таърихиро дорост. Чун, ки маҳз ҳамин саннаи соли 1997 Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии навбатиашон бо ҷавонони лаёқатманд 23 майро Рӯзи ҷавонон эълон намуданд.

Инак шуруъ аз соли 1997 дар заминаи ташаббуси қонунгузории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эътибори хоса ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои ҷавонони миллат дар роҳи истиқрор ва пойдории сулҳу субот, нақши муассири онҳо дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва марзу буми сарзамини аҷдодӣ, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба тақвими ҷашнҳои давлатӣ ворид шуда, ҳамасола насли ҷавон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ин санаи арзишмандро истиқбол мегиранд.

Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон имрӯз ба яке аз масъалаи рӯзмара ва ҷолиби диққат арзёбӣ мешавад, чунки дар замони соҳиистиқлолӣ ҷавонони баруманди тоҷик ба хуби дарк намудаанд, ки таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҳамин қишри ҷомеа равона гардидааст. Ва имрӯз ҷавонони Тоҷикистон ҷавонони ташаббускор ва созанда ҳастанд ва бо дарназардошти ин ҳама ғамхорию аҳамияти ҳамаҷониба аз тарафи ҳукумат ҷавонон низ ҳам дар роҳи илм, ҳам дар роҳи варзиш ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди дохилию беруна саҳми сазовор мегузоранд ва парчаму номи Тоҷикистони азизамонро дар сатҳи байналмилалӣ баланд мебардоранд.

Қайд кардан зарур аст, ки ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар давраи муосир амаҳмияти хосса касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро лозим ва зарур аст, ки ҷиҳати омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар машғул гардад, таърихи сипаригаштаи халқи худро, ки пур аз шебу фароз аст донад, ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат арҷгузор бошад, арзиши ин миллати тамаддунофарро аз ҳама чиз қиммат донад ва дар умум худшиносу худогоҳ бошад.

Равшанзода Шодалӣ - мудири бахши кор бо чавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон.