ТЕРРОРИСТОН ЧИ МАҚСАД ДОРАНД?

Хуросон: Вокуниш  

Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои он чунин омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидаи обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”. Айнӣ замон байни давлатҳои абадқударати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад. Ҳоло доираи тафриқа ва парокандагӣ домангири давлат ва минтақаҳои мусулмоннишин гашта, андешаҳои тундрав ва идеологияҳои ба Ислом бегона, вале бо ном исломӣ, боиси пора-пора гаштани мусулмонон ва ба фирқаву гуруҳҳои бо ҳам душман табдил ёфтани онҳо шудааст. Як гурӯҳ, гурӯҳи дигарро кофир мехонад ва ҳаммиллате бар зидди ҳаммилати худ меҷангад. Гурӯҳҳои тундрав зери ниқоби ислом ба бадтарин ва манфуртарин аъмол, аз ҷумла, қатли ом, бераҳмона сар буридани занону духтарон, аз байн бурдани миллатҳо, оташ задани хонаи мусулмонон, тарконидани масҷидҳо, ғулом намудани занону кӯдакон, истифодаи тамоми намудҳои аслиҳа ба муқобили мусулмонон, талаву тороҷ кардани мардум, аз номи ислом гумроҳ намудани ҷавонон ва садҳову ҳазорҳо беадолатиҳои дигар даст мезананд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ, дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм низ чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва пешниҳодҳояшро дастгирӣ мекунанд. Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории худ дар шароити соҳибистиқлолӣ мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ муборизаро давом дода истодаанд. Ҷумҳурии мо дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм дар минтақа ва арсаи ҷаҳон бетафовут набуда, мавқеи ҷиддию устувор дорад ва хостори ҳамкории қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои муътабари байналмилалист. Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд эҳсоси ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Равшанзода Шодалӣ мудири бахши кор бо чавонон ва занони  КИ ҲХДТ дар ноҳияи ХУРОСОН.