СӮҲБАТУ ВОХУРИҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ФАХРОБОДИ НОҲИЯ.

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули “Хона ба Хона” вохӯриҳои судманд доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон - Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович ва намояндаи ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо сокинони Ҷамоати Фахробод вохӯрда, вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ ба сокинони ҷамоати номбурда оид ба ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.