Пилла - ашёи хом барои Корхонаи азими Пилла ,баҳри тараққиёти устувори мамлакат!

Хуросон: Таҳлил  

Чӣ тавре,кӣ ҳамаи мо огаҳӣ дорем 20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори “Рӯзи пойтахт” дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик”-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар корхона коркарди пилла то сатҳи ниҳоӣ ба роҳ монда шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол карда мешавад.

Айни замон дар корхона ва парваришгоҳи он дар як баст 300 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Зимни муаррифии намунаи парвариши кирмак дар шароити анъанавӣ маълумот дода шуд, ки ҳадаф аз барқароркунии тутзор дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар рушду равнақи соҳа мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар ҳамкорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ дар самти бунёду барқарорсозии корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани имконият ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик” аз коргоҳи хушккунии пилла, коркарди нах, коргоҳи басту банд, озмоишгоҳ, коргоҳи чопӣ, бофандагӣ, коргоҳи наддофӣ, хушкашӯйии матоъ, коргоҳи атласу адрас ва қолинбофии дастӣ иборат мебошад.

Баъд аз ҷамъоварӣ пилла дар корхона хушк карда шуда, дар хати технологии абрешим ба навъҳо ҷудо ва ба ришта табдил дода мешавад.

Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат рушди соҳаи пилапарварӣ дар назар аст ва ноҳияи Хуросон низ дар рӯзҳои аввал тақсимоти кирмакро дуруст ба роҳ монда шудааст ва дар назар аст,кӣ нақшаи истеҳсоли пилларо саривақт ноҳия ба иҷро хоҳад расонд.