ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО УСУЛИ "ХОНА БА ХОНА".

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, бо иштироки гуруҳи кории усули “Хона ба хона” дар байни сокинон дар Ҷамоати деҳоти  Фахробод дар кӯчаҳои Ваҳдат-2, Фахробод-2  вохӯриҳо баргузор гардид.

Доир ба мавзуҳои муҳими рӯз аз қабили корҳои ободонию созандагӣ, кишту кори баҳорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбияи дурусти фарзанд, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар дигар деҳаю маҳаллаҳо давом дорад.