ХУРОСОН: ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Хуросон:  

20-уми апрели соли равон баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қабули шаҳрвандон" дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор гардид .

Дар рафти қабул раиси ноҳия Суризода Н.М. аз мушкилиҳо, масъалаҳои мубрами ҷомеа, норасоии иқтисодӣ ва ниёз доштани онҳо ба беҳтар кардани вазъи манзили зист, пайдо кардани ҷойи кори доимӣ огоҳӣ пайдо намуд.

Инчунин раиси ноҳия ба роҳбарони мутассадӣ дастур доданд, ки барои ҳалли мушкилиҳои шаҳрвандон хулосаҳои ҳалшаванда андешанд.