Бемории сил табобатшаванда аст!

Хуросон: Андеша  

Тадқиқотҳои соҳаи тандурустӣ нишон дод, ки бемории сил бо вуҷуди хавфнок ва сироятӣ буданаш табобатшаванда мебошад. Намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бар он ақидаанд, ки мутаассифона, маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум оид ба роҳҳои пешгирӣ ва табобат нокифоя аст. Чунин амалҳо барои кам кардани шумораи гирифторшавандагон мусоидат намуда, яке аз сабабҳои асосии пешгирии паҳншавии бемории сил маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди он ки бемории сил табобатшаванда аст, вале бадбахтона ҳамасола дар ҷаҳон наздики ду миллион нафар аз ин беморӣ ба доми марг меафтанд.

Гарчанде ки бемории сил табобатшаванда аст, бо вуҷуди хизматрасониҳои мавҷудаи ташхис ва табобати босифат он боз ҳам яке аз таҳдидҳо ба саломатии инсон боқӣ мемонад.

Дар ин замина яке аз роҳу усули коҳиш додани паҳншавии ин бемориро дар кишвар зарурати тавсияи тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба ин беморӣ вуҷуд дорад,кӣ масъулини соҳаи тандурустии ноҳияи Хуросон ва Бемориҳои силро мебояд дар ин самт корро пурзӯр намоянд ва корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ зиёд намуда боиси пастравии сатҳи беморӣ дар ноҳия гардад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон аз тарафи худ зимни вохӯриву сӯҳбатҳо ва маҷлису ҷамъомадҳо ба аҳолӣ зарурияти пешгирии ҳамаи намуди бемориҳоро бо тариқи фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда пешгирии ин намуди беморӣ ,яъне бемории силро низ миёни аҳолӣ таблиғу ташвиқ менамояд.

Равшанзода Шодалӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони ки ҳхдт дар ноҳияи Хуросон.