Зуҳуроте, ки ҷомеаро тахриб ва пайравонашро гумном месозад.

Хуросон: Вокуниш  

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, экстремизм, радикализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии инсонҳо таъсир расонида, ақалиятҳои мухталиф, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбонии терроризим дар ин ё он кишвар асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, омилҳои хуруҷи зуҳуроти доираҳои ифротгаро ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Имрӯз ба ҳамагон маълумаст, ки иддае аз дини поки Ислом сӯйиистифода намуда, даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо, дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам, онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Барои мисол метавон ташкилоти террористиву экстремистии ҲНИТ –ро зикр намуд. Ташкилоти террористии ҲНИТ асоси фаъолияти худро бо арзишҳои диннӣ вонамуд месозад. Аммо, ҳамагон инро медонанд, ки саркардаҳои ин гурӯҳи ифротгаро аҳкоми динниро пешаи худ намуда, онро на ба манфиати ҷамъият балки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ҳамчун яроқ истифода мебаранд. Ҳадафҳои нопоки ин гурӯҳ вайрон кардани сохти конститутсионӣ ва аз байн бурдани ҷомеаи демократӣ буда, мехоҳанд фазои орому осудаи Тоҷикистони азизи моро бар ивази мабалағҳои калони ким-кадом хоҷаи сармоягузорашон фурӯшанд.

Дар айни замон, маводҳои паҳнкардаи ин душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат кори дигар нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии Ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд. Дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобкориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти «ба ном динӣ» гашта, бо амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд. Яъне нуфузу дастовардҳои Истиқлолиятро пушти сар партофта, арзишҳои миллиро паст зананд, аниқтараш супоришҳои хоҷагон ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Вале набояд фаромуш кард, ки ҳеҷ гоҳ “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Ватанфурӯшон худро дар канори ҳар нафаре, ки пинҳон кунанд оқибат беқадр гардида, бо хорию зорӣ ва аламҳои зиёд мемиранд. Яъне “Беватан дар рӯйи сад дунё наёбад сарпаноҳ”

Равшанзода Шодалӣ-мудири ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон.