ҲХДТ – ҲИЗБИ РОҲНАМО.

Хуросон: Андеша  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлол, падидаи замони нав аст. Ба майдони сиёсат ворид шудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳз самараи Истиқлол аст.

Санаи 10 декабри соли 1994 дар марҳилаи басо ҳассоси таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби нави сиёсие ташкил шуд, ки соли ҷорӣ 30 –сола мешавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли солҳои фаъолияташ пастию баландиҳо, мушкилоту проблемаҳо ва дастоварду пирӯзиҳои зиёдеро дидааст. Имрӯз он зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ташкилоти тавоное табдил ёфтааст.

Мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб муттаҳид кардани он нерӯи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ буд, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ мутараққӣ ва шароити арзандаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.

Агар мо таърихи таъсисёбии ҳизбро варақ гардонем, воқеъбинона дарк хоҳем кард, ки ҳанӯз дар айёми нобасониҳо, ки мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бошад.

ҲХДТ, ки рисолати аслиаш бо мардум, дар канори мардум ва ҳамнавои мардум будан аст, тӯли мавҷудияти хеш баробари хидматҳои фаровонаш дар баланд бардоштани маърифати мардум, сатҳи дониши фарҳангиву адабӣ, худшиносии миллӣ, беҳдошти ахлоқ ва монанди инҳо рисолати пурарзишеро анҷом додааст.

Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан ҳизби мардумӣ буда, ифодакунандаи ормонҳои халқ мебошад.

ҲХДТ дар сафи худ неруи тавонои зеҳниву ақлонӣ, намояндагони тамоми табақаҳои аҳолӣ- зиёиён, коргарон, кишоварзон, соҳибкорон, занону ҷавононро муттаҳид намуда, ба як қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Пешвои миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мактаби сиёсии ҳаёт номида, онро дорои қувваи бузург арзёбӣ намуданд.

Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон