БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ ТОЗАГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР" ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ҚИЗИЛҚАЛЪА" ВА "ДЕҲАИ БАНДАР". Хуросон

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз роҳбарият ва аъзоёни фаъоли ҳизбии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳия дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ва нақшаҳои кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии номбурда ва бо мақсади ободу зебо намудани Ватани азизамон, аз ҷумла маҳалли зисти худ, вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия пайваста Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор карда шуд.

Дар аксияи мазкур кӯчаву маҳаллаҳои деҳаҳо ,гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуд. Аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар тозаю озода нигоҳ доштани симои маҳаллаву деҳаҳо саҳми арзандаи худро гузоштанд.