МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН АСОСӢ ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД!.

Хуросон: Андеша  

Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ  ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст. Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани  масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб мерафт. Зеро мутобиқ ба муқаррароти «Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24 августи соли 1990, ки аз тарафи сессияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардида буд, Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақили демократию ҳуқуқбунёд эълон намуда буд. Баъдан истилоҳи “давлатӣ ҳуқуқбунёд” дар баробари соҳибихтиёрию, демократӣ ва дунявӣ дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз тарафи мардуми кишвар қабул гардид, дар моддаи 1 пешбинӣ гардид, ки муқаррароти мазкур ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқӣ, василаи нисбатан навро дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд инъикос намуд. Пешбинӣ гардидани муқаррарот вобаста ба давлати ҳуқуқбунёд будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ду санади муҳими давлатӣ шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёду демократиро интихоб намудааст. Ба ақидаи олими ватанӣ Р.Ш.Сотиволдиев андеша ва назарияи давлати ҳуқуқбунёд таърихи тӯлони дошта, тӯли ҳазорсолаҳо мутафаккирон кӯшиш намудаанд, ки роҳҳои волоияти қонун, ташкили ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, таносуби байни адолат ва ҳокимият, таъмини озодӣ ва ҳуқуқҳои инсонро дар давлат муайян намоянд. Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми худ аз 30 апрели соли 2004 кайд намудаанд, ки бунёди давлати нави тоҷикон, ки барои халқамон бесобиқа аст, кори танҳо Президент, Ҳукумат ва Мачлиси Олӣ нест, балки дар маҷмӯъ вазифаи асосии тамоми ҷомеа мебошад. Ҳадафҳои муҳимтаринн ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми тоҷик фарҳанги ягонагӣ, фарҳанги сулҳу субот ва созандагӣ, таҳаммул ва инсондӯстӣ, фарҳанги таъмини волоияти қонун, эҳтирому риояи ҳуқуқҳои инсон ва хулоса фарҳанги демократия мебошанд. Ба андешаи мо дар шароити муосири давлатдорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар баробари масъулияти тарафайни давлат ва шахс ва робитаи ҳуқуқии давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ин ҳифз, риоя ва ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад. Вазифаи мазкур бошад тавассути ҳокимияти олии қонунгузорӣ, иҷроия, судӣ ва фаъолияти дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муасиссаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар сатҳи Конститутсия ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама маънои тобеъ будани фаъолият ва рафтори ҳама мақомотҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муасисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва шаҳрвандон ба ҳуқуқро дорад. Аз ин ҷост, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  давлат, ҳамаи мақомоти он, шахсонӣ мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳоро баҳри риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ вазифадор намудааст. Дар асоси меъёрҳои заминавии Коститутсия бошад дар даврони соҳибистиқлолӣ аз тарафи давлату ҳукумати кишварамон бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ намудани  ҳуқуқвайронкуниҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид. Дар ин самт нақши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 691  “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” бомаврид, саривақтӣ ва назаррас ба ҳисоб мерафт. Зеро худи ҳамон сол ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти Фармони мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ” қабул гардид, ки он вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони иттиҳодияҳо корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриро ҷиҳати таъмин намудани бахшҳои ҳуқуқии дастгоҳо бо кормадони ихтисосманд, таъсиси чунин бахшҳо дар сурати набудани онҳо, пай дар пай ташкил ва гузаронидани лексияҳо, суҳбатҳо ва дигар шаклҳои тарғибу ташвиқи қонунгузории ҷумҳурӣ бо ҷалби ҳуқуқшиносон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, судяҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда, инчунин баррасии вазъи риояи қонуниятро дар фаъолияти дастгоҳи марказӣ ва умуман дар вазорату идораҳо, ҳукуматҳо, корхонаҳо ташкилотҳои ҳудуди минтақаи дахлдор вазифадор намуд. Инчунин қарори мазкур тасдиқ ва қабули Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба қонунҳо, дарк кардани ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо, тайёрии ҳуқуқуқии кормандони роҳбарикунанда пешбинӣ намуд.

Дар қисми ибтидоии Барномаи мазкур муқаррар гардида буд, ки мақсади асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Аз ин ҷо, хулоса намудан мумкин аст, ки барпо намудани давлатӣ ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокӣ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти роияи бечунучарои қонунгузории кишвар имконпазир аст. Омӯзиш ва мушоҳидаҳо нишон дода истодааст, ки ҳадафи асосии фаъолияти давлату ҳукумати кишвар заминагузори баҳри ташаккул ва таҳкими давлати ҳуқуқбунёд равона гардида истодааст. Бори дуввум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 29 апрели соли 2009 №253 “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” - ро қабул намуд, ки мақсади асосии он аз баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии аҳолии ҷумҳурӣ иборат буда, расидан ба ҳадафҳои зерин аз қабили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла, кӯдакону наврасон, ҷавонону донишҷӯён инчунин баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, истифодаи самараноки васоити ахбори умум ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ҳуқуқӣ, тарғиби ғояҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ, мусоидат ба аҳолӣ бобати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ дар ҳамбастагӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дақиқ ва мушаххас дар бораи ҳуқуку озодиҳо ва вазифаҳои аҳолӣ, мукаммал намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ, ба таълим ва тарбияи хуқуқӣ фаро гирифтани тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ бо дарназардошти синну сол, касб ва дигар хусусиятҳо дар заминаи нақшаҳои дарозмуддати чорабиниҳои ҳуқуқӣ ва коркард ва татбиқи шаклҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати амалӣ пешбинӣ намуд. Бо ба итмом расидани муҳлати амалӣ Барномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст, аз 27 ноябри соли 2019, №599 бори севвум “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020 -2030” бо қарори Ҳукумат қабул ва мавриди амал қарор дод, ки мақсади асосии қабул ва татбиқ гардидаи он аз вазифаҳои  зерин иборат мебошад:

- риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ;

- баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;

- таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он;

- баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва аз байн бурдани ҳеҷангории (нигилизми) ҳуқуқӣ;

-байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ;

- баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;

- ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;

- ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмию фарҳангии ҷомеа.

Ҳукумати кишвар ба ғайр аз барномаиҳои махсуси соҳавии қабулгардида инчунин барномаҳои дигарро низ дар самти мазкур қабул намудааст, ки мақсаду моҳияти онҳо низ ба масъалаи тақвияти ҳуқуқии аҳолии кишвар равона гардидааст. Масалан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 қабул гардидани “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026”, ки амалишавии татбиқи он баҳри расидан ба ҳадафҳои зерин аз қабили эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон ва дигар ҳолатҳои зарурӣ дар ин самт равона гардидааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқубунёд бе робитаи устуворӣ шаҳрвандони он дар самти  риояи ҳуқуқ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро дар ин раванд иштироки шаҳрвандон низ хело муҳим аст, ки то чӣ андоза ҳуқуқу уҳдадориҳои  худро медонанд ва вазифахои худро чӣ тавр иҷро мекунанд.

Аммо, мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди иттилооту ҳодисаҳое низ мегардем, ки шаҳрвандони ҷумҳурии мо бахусус ҷавонони кишвар, ки ояндасози давлату миллатанд, дидаю дониста даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо зада қонуният ва тартиботи ҳуқуқию ҷамъиятиро дағалона вайрон менамоянд, ки яке аз омилҳои асосии нишон додани маърифати пасти ҳуқуқии онҳоро ифода мекунад. Донистан, эҳтиром ва риояи Конститутсия ва қонунгузории кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, иштироки шаҳрвандон дар раванди фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар равандҳои кишвар вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Вале дар сурати риоя нагардидани қонунгузорӣ ва даст задан ба ҳуқуқвайронкунӣ боиси татбиқи ҷавобгарии ҳуқуқи мегардад. Зеро мутобиқ ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН.