МАКТАБИ МАРДОНАГӢ.

Хуросон: Андеша  

“Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст”.
Хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист.. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад.
Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо амиқу дақиқ бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, ҳифзи арзишҳои ниёгони сарзамин ва ҳифзи марзу буми ватан вазифаи падару модарон ва омӯзгорон мебошад. Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо тамоми қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои техникаву лавозимотҳои муосири ҳарбӣ, синфхонаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ, машқгоҳҳои баргузории тамринҳои тактикӣ, аз ҷумла тактикии зиддитеррористӣ буда, тамоми шароитҳои муосир ва замонавӣ барои сарбозону афсарон муҳайё карда шуда, беҳтарин кормандону мутахассисони соҳибкасб бо онҳо дар мавзӯи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тайёрии ҷангӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва ғайра машғулият мегузаронанд.
Муҳайё гардидани чунин шароитҳои хуби хизматӣ аз ҳар афсару сарбоз тақозо менамояд, ки хизматро баҳри ободӣ ва тинҷию амонии кишвар сидқан ба ҷо оварда, он вазифаҳое, ки дар наздашон гузошта мешавад, бо сари баланд иҷро намоянд.
Боиси сарфарозист, ки  имрӯз 01.04.2024 дар ноҳияи Хуросон даъвати баҳорӣ бо ташаббуси бевоситаи фаъолон ва мӯҳтирам Раиси ноҳия   Суризода Носир бо сарбаданди иҷро шуд.

Ифтихори миллат як қатор ҷавонони Хуросонӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона барои адои хизмат дар мактаби бузурги шуҷоату мардонагӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шудаанд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, инчунин мояи ифтихору шарафи бузург аст.

Равшанов Шодалӣ - мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон