НАҲЗАТИҲОЮ ИСЛОҲУ ГУРУҲИ 24 - НАЙРАНГБОЗУ ҲИЛЛАГАР!

Хуросон: Вокуниш  

Гурӯҳҳои терористӣ, экстримистию ифротагаро ба мисли ҲНИ,ИСЛОҲ ТВ,ГУРУҲИ 24 бо ҳар роҳу васила, яъне ҳиллагарию найрангбозӣ мехоҳанд шаҳрвандони моро пойбанди андешаҳои носолим ва иғвоангезонаи худ карда низоъҳо ба миён оваранд ва ҷиноятҳои муташаккилонаро роҳандозӣ намоянд. Аслан мақсаду мароми наҳзатиҳо қатлу куштор, барангехтани кинаю адовати миллӣ, тафрикаандозиву бадбинии мазшабие мебошад, ки бо даъвоҳои беасосу иғвоангезашон соҳибистиқлолию тинҷию оромии кишвари азизамонро зери суол мебаранд ва дур истода санги маломат мезананд ба маконе, ки дар он ҷо чашм ба олами ҳасти во намудаанд. Дар асл мардуми сарбаланду меҳандӯсти кишвари маҳбубамон бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу ором имрӯзҳо умр ба сар мебаранд.

Мутаасифона ҳамаи ин пешравиҳоро нотавонбинони миллати бузургу тамаддунофар дидан намехоҳанд. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳӣ пайдо менамоем, ки ин ё он аъзои ҲНИ аз пайи амали намудани нақшаву ниятҳои нокок ё дарпайи туҳмату буҳтонҳои беасосро нисбати давлату миллат ва Роҳбарияти Олии он ҳастанд. Ин нотавонбинону нохалафон тамоми амалҳои ғайриинсонаашонро бо роҳбарии М. Кабирӣ роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ё ТТЭ ҲНИ амали намудан мехоҳанд. Факту далелҳои зиёд мавҷуданд, ки наҳзатиҳо зери ниқоби «паноҳандаи сиёсӣ» пинҳон шудаанд. Аз ин бармеояд, ки бо бардошта шудани парда аз чеҳраи манфури масъулин ва аъзои ТТЭ наҳзат онҳо «думро хода карда», зери ин ниқоб мехоҳанд фаъолияти муғризонаи хешро чи гуна идома диҳанд? Ин хоинони ватанфӯруш муҳоҷирони меҳнатиро ҳамчун механизми амалигардонии ҳадафҳои ғализу нопоки худ истифода менамоянд, вале бояд муҳоҷирони меҳнатии мо, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд ҳеҷ гоҳ ба ваъдаҳои дурӯғини ин зархаридон бовар намамоянд.

Маҳаки дигаре, ки онҳо истифода намудан мехоҳанд ин ҷавонони ноогоҳу камсавод мебошад, ки зуд ба доми нокомии хоинони миллати хеш афтида, луқмаи лошахӯрон мегарданд ва ҳаёти ҷавонии худро барбод медиҳанд. Дар ин масъала ҳарчи зиёдтар мебояд, ки ҷавонони мо дар кадом гӯшаю канори диёр ҳастанд, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, бояд бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватансозӣ, забандонию фарҳангшиносӣ, ғуруру ифтихор аз таърихи халқи худ истодагари намоянд, то ин ки фирефтаи ҳиллаю найранг ва бозичаи дасти бадхоҳони миллат нагарданд.

Бозоров Рустам - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон.