ҶАВОНОН ИМРӮЗУ ФАРДОИ МИЛЛАТАНД

Хуросон: Созандагони ватан  

Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонону наврасон аз тарафи мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Равшанзода Шодалӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳия бо аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан, Равшанзода Шодалӣ ба ҷавонон оид ба баланд бардоштани огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу суботи кишвар, риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», маълумоти муфассал дода иштирокдорони ҷамъомадро оид ба илмомӯзӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, саҳмгузорӣ ба ободонию созандагӣ даъват ба амал оварданд.