Ободкориву созандагӣ ҳадаф ва мақсад ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович аз сохтмони пули мошингарди болои дарёчаи деҳаи Қушличи ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳия самти деҳаҳои ҷамоат ва деҳаҳои ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳия, кӣ бо дастгирии аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, раиси ноҳияи Хуросон мӯҳтарам Аҳмадзода Илҳом дар доираи аксияи ҳизбии " Якҷоя месозем" дидан намуда бо сохтмончиён дидор намуда ба онҳо барои ободонии ноҳия сипосу миннатдорӣ аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон намуданд.

Пули мошингарди мазкур дарозиаш 25-30 метр ва бараш 8-9 метр буда баъди ба анҷомрасӣ ба мардуми деҳаҳои дар боло номбаршуда хизмати шоён намуда барои ба ободонии ноҳия саҳми босазо мегузорад.