Парчами Тоҷикистони азиз ҳамеша боло бод!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар толори Кохи Хуросон маҷлиси тантанавӣ ва фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавӣ кушода шуда ҳозиринро раиси ноҳияи Хуросон, муҳтарам Аҳмадзода Илҳом ба муносибати Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар симои ҳозирин тамоми мардуми шарафманди ноҳияи Хуросонро табрику таҳният намуда таърихи пайдоиши Парчам ва махсусан Парчами кунунии Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён намуда нисбат ба Парчам эҳтироми хоса доштани ҳар як истиқоматкунандаи ноҳияро таъкид ва зарурӣ шуморид.
Дар чорабинии фарҳангӣ ,кӣ аз тарафи Бахши Фарҳанги ноҳияи Хуросон баргузор гардид санъаткорони Бахши Фарҳанг,мактаби мусиқии ноҳия,кӯдакони боғчаҳои ноҳия инчунин ҷавонону наврасони санъаткор иштирок намуда чорабинии идонаро пуршӯкуҳ ва хотирмон гузарониданд.
Суратгузориш аз рафти чорабиниҳои идона.