ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ОБУ ЗАМИН - БОЛОРАВИИ ҲОСИЛНОКИИ МАҲСУЛОТ!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон - Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии " идораи Об" вохӯрӣ бо аъзоёни ҳизб ва фаъолони ҷомеъа дар мавзӯи истифодаи дурусти захираҳои обии ноҳия ва мамлакат дар шароити гармшавии иқлим баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Ғуломов Саидасрор доир ба пешниҳодҳои ҷаҳонии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ,кӣ доимо ояндаи миллат ва инсониятро фикр карда масъалаҳои зиёдеро ба миён гузошта барои ҳалли онҳо чораҳои зиёдеро андешидаанд ,баён намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон то соли 2021 муаллифи 4 ташаббуси ҷаҳонӣ буданд: "Соли байналмиллалии оби тоза 2003”,”Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013”,” даҳсолаи байналмиллалии амалиёти об барои ҳаёт 2005-2015”,” Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”.

3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар видеоконференсия мулоқоти якумро бо иштироки Дабири тамоми Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас ва боз президентҳои якчанд давлатҳои дигар, гузарониданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар натиҷаи гармшавии иқлим обшавии пиряхҳо ба назар расида истодааст.

Ҳамин тавр Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пирях эълон гардида, санаи он маълум карда шавад.Бо ҳамин 14 декабри соли 2022 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда аз соли 2025 санаи 21 март ҳамасола ҳамчун рузи байналмилалии ҳифзи пирях таҷлил карда мешавад. Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат аз тарафи 153 кишвари узви Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ карда шуд.

Бинобар ин истифодаи самараноки обу замин дар мамлакати мо зарур ва саривақтист ва мо аҳолии кишварро мебоист сарфакоронаи обро таъмин намоянд.