Рафти баргузории Амалиёти муштараки "Мактаби ман"

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рафти баргузории Амалиёти муштараки "Мактаби ман"

Рафти баргузории Амалиёти муштараки "Мактаби ман" дар МТМУ-2, бо иштироки  мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Шодалӣ Равшанов  ва намояндаи шуъбаи маориф иштирок намуд.

Дар чорабинии мазкур хатмкунандагони муассиса, падару модарон ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар ин вохурӣ вобаста ба Рӯзи пурифтихори забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат гузаронида шуд.

Забони тоҷики забони модарист: «Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳастии ҳар миллат пеш аз ҳама дар забону фарҳанг ифода меёбад. Агар ба саргузашти таърихии мардуми тоҷик назар афканем, мефаҳмем, ки ҳазорсолаҳо инҷониб асоси давлатдорӣ ва ҳастии ин миллати куҳанбунёд забон ва маънавиёташ мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва манзалати он ҳамарўза тадбирҳои муассир андешида, ба хотири баланд бардоштани маънавиёти мардум чораҳои назаррасро роҳандозӣ менамоянд.

Ба забони ноби мо тамоми шоирону нависандагони форсу тоҷик шеъру тарона ва ғазалу рубоӣ навишта, ҳазорсолҳои бешумор ин забонро умр бахшидаанд. Шоирони ширинкаломи мо ба монанди Рӯдакӣ, Хайём Фирдавcӣ, Сино, А.Ҷомӣ, Ҳофиз, Садриддин Айнӣ, Лоҳутӣ, М.Турсунзода , Лоиқ ва дигарон тавонистанд, меҳри беандозаи ин забонро дар ҳар замон дар дили мардум ҷо кунанд.

Пирузии аввали мардуми тоҷик баъди солҳои тулонӣ ҳанӯз аз соли 1989 дар асоси қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-июл ҳамчун рӯзи забони тоҷикӣ эълон гардида буд. Аммо дар ҳама самт афзалият ба забони русӣ дода мешуд. Тамоми навиштаҷотҳо ва ҳуҷҷатгузориҳо ба забони русӣ буданд. Хушбахтона аз соли 2009-ум инҷониб дар кишвар рӯзи 5-октябр ҳамчун рӯзи забон шинохта шуда, дар тамоми ташкилоту идораҳо ҳуҷҷатгузорӣ ба забони тоҷикӣ ва забони давлатӣ низ забони тоҷикӣ мебошад.

Агар гузаштаро омӯзем забони тоҷикӣ пайраҳаҳои пурпечутоб ва ҳазорҳо боду газандро пушти сар намудааст. Мусаллам аст, ки агар хоҳанд миллатеро нобуд созанд, бояд аввал забону фарҳангашро нобуд кунанд.

Забони тоҷикӣ дар тули ин солҳо дар баробари забони давлатдориву коргузорӣ, вазифаи васлгарии халқияту миллатҳои гуногунро низ ба ҷо овардааст. Забони тоҷикӣ забони ҳамдилӣ, забони илму фарҳанг ва забони сулҳу осоиштагӣ аст. Маҳви забон маҳви миллат ва миллатҳои соҳибзабону соҳибдавлат аст. Забон рукни муҳими давлатдорӣ ва тафаккуру ҳуввияти миллӣ ба шумор меравад. Маҳз ба воситаи забону фарҳанг, ки тарғибгараш пеш аз ҳама аҳли илму шуаро мебошад, миллати тоҷик дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Ба хотири пойдорӣ ва гиромидошти забони миллии давлатӣ моро лозим аст, ки бо ҷалби фаъолони аҳли илму фарҳанги кишварамон талош варзем. Зеро дар замони хатарҳои ҷаҳонишавӣ барои миллатҳо ва халқиятҳои хурду бузурги сайёра, рў овардан ба дигар забонҳо, тақлид ба гуфтори дигар миллатҳо, майли беандоза ба забонҳои ғайр, бетаваҷҷуҳӣ дар гуфтор ва забон, аз меъёр зиёд ба технологияи пешрафтаи муосир рӯ овардан, аз ҳад зиёд тамошои филмҳои дигар миллатҳо аз ҷониби кӯдакон метавонад омили эҷоди хатарҳои бузург гардад. Боиси ифтихори мост, ки имрӯз дар ҷаҳон забони тоҷикӣ ҳамчун забони ҳамдилӣ, забони илму фарҳанг ва забони сулҳу осоиштагӣ шинохта шудааст. Имрӯз дар ҷаҳон миллионҳо нафар бо забони ширини шевои тоҷикӣ ҳарф мезананд.   Аз оғози соҳибистиқлолии кишварамон забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ, дар корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мақому мартабаи баландро соҳиб гаштааст.  Он нафаре, ки арзишҳои миллии хешро қадр мекунад, аввал бояд эҳтироми ба забони худ ва баъдан забони миллати ғайрро омӯзад. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки;

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Рӯзи пурифтихори забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Шодалӣ Равшанов. мудири бахши кор бо ҷавонон ва занои КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Хуросон