ОБ - МАНБАИ ҲАЁТ!

Хуросон: Андеша  

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзӣ мебахшад. Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами зинда об аст, пас мо вазифадорем, ки ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳандаи созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем ва тозаву озода нигоҳ дорем.

Бояд қайд кард, ки вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон, талабот ба оби ошомиданӣ низ зиёд гаштааст, вале на ҳамаи давлатҳо имкони таъмини аҳолиашонро бо оби тоза доранд. Онҳоро зарур меояд, то бо сарфи маблағи зиёд аз дигар кишварҳо об ворид намоянд. Тибқи маълумоти таҳлилгарони соҳавӣ ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 600 млн. нафар аз норасоии оби тоза танқисӣ кашида, ҳамасола зиёда аз 5 млн. нафар аз истеъмоли оби ғайрисанитарӣ ба ҳалокат расида истодаанд, ки қисми зиёди он ба Африқо, махсусан ба биёбони Саҳрои Кабир рост меояд.
Бо зиёдшавии муассиса
ҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои техникӣ иқлим гарм шуда, боиси хушкшавии дарёҳо ва аз меъёр зиёд об шудани пиряхҳои кӯҳӣ ва материкӣ гаштааст.

Таҳлили мутахассисони ватанӣ муайян намуд, ки Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кўли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд, ки: «Тоҷикистон як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рўи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гўшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

Хурсандибахш аст, ки муҳимияти масъалаи ҳифз ва таъминоти об аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз масъалаҳои ҳалталабӣ глобалиро дар ҷаҳон касб кард. Бо иқдомот ва пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 дар ҷаласаи 54-уми СММ соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шуд. Соли 2003 дар Симпозиуми байналмилалие, ки дар шаҳри Токио бахшида ба «Соли оби тоза» гузашт, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005-2015 даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон карда шуд. Дар ин раванд, ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид якдилона қабул шуд.

Рўйдоди дигар, ҷонибдории Конфронси оби Созмони Миллали Муттаҳид вобаста ба ташаббуси навбатии сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дар дораи он 21 марти ҳар сол таҷлил намудани Рўзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, инчунин соли 2025 баргузор гардидани конфронси сатҳи баланди Созмони Миллали Муттаҳид дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бори дигар эътирофгари созандагӣ ва ташаббускории ин миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

Равшанов Шодалӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон