Китоб сарчашмаи дониш, сарчашмаи дарёи ақл, сарчашмаи илму маърифат ва сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳост. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба китобхониву китобдорӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо, ба ин васила ҷалби онҳо ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ, истифодаи самараноки вақтҳои холигӣ ва дур будан аз беҳудагардӣ аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон як соати мутолеаи китоб дар Муассисаи Давлатии “маркази ҷавонон” гузаронида шуд. Аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар синфхонаи роҳбари маҳфил Воҳидов Парвиз китобҳои гуногуни бадеӣ-ро мутолеа намуда, ба худ ғизоӣ маънавӣ гирифтанд. Дар доираи эълон гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” ҳафтае як бор аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” маҳфили китобхонӣ имруз 2023,09,15 гузаронида шуд.
Мудири бахши Занон ва Ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Таҷикистон дар ноҳияи Хуросон Шодалӣ Равшанов