ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФТИХОРИ МО!
Мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия ҳушбахтем, ки дар қатори кулли шаҳрвандони Тоҷикистон соҳиби сарвати бузурге ҳастем, ки он дар маҷмӯъ маҳбубияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи Тоҷикистону ҷомеаи башарӣ ва ҳамчунин эътимоду боварии шаҳрвандон ба Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон мебошад. Бо шарофати ҳамин сарвати бузург , аз ҷумла бемайлон ва тадриҷан амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон, Раиси муҳтарами ҲХДТ имрӯз вилояти Хатлон ба яке аз вилоятҳои таъминкунандаи самтҳои асосиву стратегии рушди мамлакат: амнияти энергетикӣ ва озуқавориву аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он табдил ёфтааст. Бояд зикр кард ки дар ҳамаи самтҳо, ҷиҳати амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла онҳое, ки тибқи сафарҳои кориашон ба вилояти мо изҳор карда буданд ,аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мо дар сафи пеши бунёдкорони ватан мебошанд.
Саидасрор Ғуломов. муовини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон