Шайтонии ошкорои рӯйи замин !
Вокуниш: Муҳаммадиқболи Садриддин ва шайтонгариҳои ӯ.
Ин ном чандест дар забони мардум ҷилва дорад. Аслан симои аслии ин мард пас аз тамошои филми “Хиёнат ” ба ҳама ошкор гардид. Ман шоҳиди он будам ки мардум ба ҳам омада дар бораи ин фиребгарон ва дасисабозон сухан мегӯянд ва ба кирдори баду зишти эшон нафрин мехонанд. Симои Муҳаммадиқболи Садриддин акнун барои мардум ошкор шуд, аммо аҷиб аст, ки чаро ин беномус то ҳол пойшаки дорад ва боз ба сияҳкориву дасисазӣ мепардозад. Агар ин мард мард мебуд номус медошт бояд дигар овозашро баланд намекард. Аммо ҳануз садояш аз зери хоки хуну омада истодааст. Вой бар ту беномуси лаин. Нигоҳе ба рӯзгор ва зиндагиномаи Шумо бас аст, то симои шуморо бе ақлбудани туро баҳо диҳам (2бад) барои ту туро омузгорат дарси соати тарбиявиро нагузаштаст дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон аз ҳамин сабаб ту тарсу ҳасти. Ту ба Ватан, модар, ба хоку оби худ, ба забону миллат ва бародарону дустон хиёнат карди, акнун гӯшаи хилватро барои худ ватан карди. ЭЙ БЕ ВАТАН!!! Аммо ин дер давом нахоҳад кард.
Падидаҳои ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ҳама вақт хоин ватанфуруш бозичаи дасти дигарон аст. Тоифаи шумо дигар аст пас аз солҳо мардуми бедордилу ватанпараст ба шумо ва кирдори шумо нафрин хоҳад гуфт. Аслан, ин тоифа ба тутии гӯё-и дораҳои гуногун табдил ёфтаст. Дар ҳар гуна нағма ва навои хоҷагонашон мерақсанд агар дасгирӣ ва пуштибонии молиявии худро аз даст диҳанд дар доира ва табли дигар меҷунбонанд. Муҳаммадиқбол, ки бо пахши филми мустанади “Бешарафӣ” парда аз рози ниҳонаш гирифта шуд бешак симои манфуртаринашро ошкор сохтанд. Имрӯз, ки ҳар гуна сухани ноҷо ва бардуруғе изҳор медорад бешарафияшро дубора ошкор месозад. Дасисаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ яке паси дигаре мебарояд. Вале оё офтобро бо доман пушонидан мумкин? Не шулаҳои офтоб сузон ҷонкоҳ !
Мардум имруз пайи зиндагии осуда, ватани обод ном Тоҷикистон доранд ва дастархони пур аз нозу немат доранд. Мо ҷавонон бояд нисбати ҳарзагуён чашм напушем зеро “Бетарафи теша бар реша аст.”
Шодалӣ Равшанов мудири
шуъбаи ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Хуросон.