БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “НИЛУФАР”

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон санаи 24-уми августи соли 2023 маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нилуфар” баргузор гардид.

Дар кори маҷлис мудири шуъбаи таблиғот ва иттилотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Қосимов Нурулло ва аъзоёни ташкилот иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “Нилуфар ” Сафарова Тобон оғоз намуда, аз рӯи чор  масъала:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нилуфар ” дар давраи ҳисоботӣ.

2. Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нилуфар ”.

4. Масъалаҳои ташкилӣ ва аъзо намудан ба аъзогии ҳизб кори худро идома дод.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нилуфар ” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, дар амал тадбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 уми майи соли 2023, №1 “ Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нилуфар” ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Дар идомаи маҷлис Қосимов Нурулло баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият то ин давр фаъолияти худро дар партави сулҳу комилу ваҳдати пойдор баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти худро гузошта истодааст.