Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Хуросон:  

Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ноҳияи Хуросон чорабинии идона бахшида ба рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта шуд.Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон,аъзоёни фаъоли ҳизб,раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Хуросон ва дигар ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.

Баъди  қисми табрикотӣ, қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки гурӯҳи сарояндагон аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии бахши фарҳанги ноҳия ва аъзои фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и ноҳия табъи ҳозиринро бо сурудҳои дилнишини худ шод намуданд.