Мавзуи суҳбат ҳифзи сарҳад ва ҳимояи Ватан буд

Ховалинг:  

Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг рӯзи 3 октябри соли 2022 дар деҳаи Навруҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ дар мавзуи “Ҳифзи сарҳад  ва ҳимояи Ватан аз душманон қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар як сокини мамлакат аст”,  (дар аксҳо) суҳбат доир карда шуд.

Дар суҳбат омад, ки ҳифзи сарҳад ва Ватани азизамон – Тоҷикистон вазифаи шаҳрвандӣ ва имонии ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳар як ҷавони синни даъватиро мебояд, ки худ барои ҳимояи марзу буми кишвар ба хоҳиш ба комиссариати ҳарбии ноҳия муроҷиат намояд. Зеро Ватани моро ба ғайр аз худи мо каси дигар посбонӣ ва нигоҳдорӣ наменамояд.