Душмани нисбати давлату миллати хеш гуноҳест нобахшидани

Ховалинг: Вокуниш  

Душмание, ки дар натиҷаи баранргехтани он бештар аз 150 ҳазор одамони бегуноҳ ҷони ширини  худро аз доданд, бештар аз якмиллион одамон маҷбур шудан хонаю дари худро партофта, ба хориҷа гуреза гарданд. Душмание, ки  сабаби оташ задании хонаю дари одамон,  ғорат гардидани молу мулки давлат   ва бо ҳамин монанд ҷиноятҳои гӯшношунид гардид оё бахшиданист? Ҳаргиз не! Ин ҷиноят, хиёнатеро, ки роҳ  барон ва аъзоёни Ташкилоти террористи – экстремистии Ҳизби наҳзати ислом нисбати давлат ва миллати тоҷик раво дид, на Худо  мебахшаду на онҳое, ки он рӯзҳои сиёҳро паси сар намудаанд. Наҳзатиён дар ин дунё ҳам гунаҳгоранду дар он дунё ҳам. Имрӯз онҳо аз ҷазое, ки барои амали хиёнаткоронаашон бояд ба онҳо дода шавад, ба хориҷ аз кишвар фирор кардаанд. Ба болои ин хомӯш намеистанд,бо суханҳои бофтаю сохта ва авомфиребона худро мӯсичаи бегуноҳ метарошанд. Гӯё мардум надидастки, бо кадом шартҳо онҳо ба  бастани сулҳ рози шуданд. Як талабашон ҳамин буд, ки ҳамаи ҷинояткорон аз ҷазо озод карда шаванд ва мансабҳои давлати ба онҳо ҳам дода шавад.

        Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири сулҳу салоҳ ба шартҳои гузоштаи онҳо рози шуд ва сулҳе, ки бастани он солҳои дароз давом кард, ба имзо расонида шуд.

Мардум як мақоле дорад, ки ба амали имрӯзаи роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом рост меояд: Кулух дар девори қоқ (хушк) намечаспад. Имрӯз кишварҳои олам симои аслии Ҳизби наҳзати исломро шинохта, онро мамнуъ ва террорист эълон намуда истодаанд.

        Дар Россия мамнуъ ва террорист эълон гардидани Ҳизби наҳзати ислом маънои миёни роҳбарони ин ҳизбро шикастанро дорад? Дар ин ҳолат онҳо чи ҳам  мегуфтанд. Зеро худкадаро даво нест вовайлои пинҳони гуфтаанд! Ин ҷазоест, ки як умр  хоҳ нохоҳ онҳоро безобта менамояд,  чунон азоб медиҳад, ки аз зинда будан мурданро авлотар медонанд.

         

Сайҷалол Сатторов, роҳбари гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.