Аз барангехтани низоъҳои мазҳабӣ кӣ фоида мебинад?

Ховалинг: Вокуниш  

          Имрӯз  ба кадом гӯшаю канори ҷаҳон назар андозем, дар он  ҷангу хунрезиро мебинем. Ҷанги Русия бо Украина. Нооромиҳо дар Афғонистон, дар Ироқ. ахиран дар Эрон. Дар натиҷаи ин нобасомониҳо давлатҳои обод, ки мардумашон сатҳи баланди зиндагӣ доштанд, чун Ироқ, Сурия, Яман ва дигарҳо ба хок яксон гардиданд. Ҳазорҳо ҳазор одамон аз рӯи ноилоҷӣ ватани худро тарк намуданд. Қисме аз ин фирориён дар Баҳри Миёназамин ғарқ гардиданд.

         Мо мардуми Тоҷикистон бояд ба хубӣ бидонем, ки ҳамаи низоъ барангехтанҳо танҳо ва танҳо барои  аз нав тақсимкунии ҷаҳон дар байни давлатҳои абарқудрат аст. Ҳар яке аз ин давлатҳо кӯшиш доранд, ки дар ин тақсимот ҳиссаи бештареро кашида гиранд.

         Таваҷҷуҳ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ аз он ҷиҳат зиёд аст, ки дар ин давлатҳо захираҳои зеризаминӣ хеле зиёд аст. Аз ҷумла, дар Афғонистон 99 фоизи захираҳои зеризаминӣ, ба монанди нафту газ, металлҳои гуногун коркард ва мавриди истифода қарор нагирифтааст. Бинобар ҳамин, ҳамаи давлатҳои абарқудрат мехоҳанд, ки дар ин давлат нисбати дигарон нуфузи зиёд дошта бошанд.

         Вале на давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, на Амрико натавонистанд, бо мардуми Афғонистон забон биёбанду аз захираҳои бешумори ин кишвар истифода намоянд.

         Мо- тоҷикон бояд хуб дар хотир дорем, роҳи осони барангехтани низоъ ва сар дароварддани абарқудратҳо ба он давлат ба ҳам муқобил гузоштани мазҳабу равияҳои динӣ, ба маҳал ҷудо намудани фарзандони як миллат, ки Худоро яккаву ягона ва Пайғамбарро (с) Расули Худо медонанд, мебошад. Ин шеваи низоъандозӣ дар Ироқ, Сурия, Яман, дар Тоҷикистон такрор гардида буд ва имрӯз онро боз дар  Эрон  мебинем.

         Рӯдакии бузургвор дар асри 10 шояд барои огоҳӣ ба мо гуфта:

Ҳар ки н – омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Ҳеҷ  н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

         Мо бояд аз зиндагии ҳаррӯза биомӯзем. Аз нооромиҳо хулосаи худро барорем. Ба ҳар гуна дасисаҳо дода нашавем. Ватани худро дӯст дорем ва ҳамеша омода ба ҳифзу нигаҳдории он бошем. Бикӯшем, кишварамонро ба мамлакати тараққикарда табдил диҳем.         

Фирдавс Мирзоалиев, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг, аз ҲХДТ