Кӯшиши аз як замин рӯёнидани ду ҳосилро доранд

Ховалинг:  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия рӯзи 29 июни соли 2022 барои  ба мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҲХДТ ҷиҳати истифодаи самараноки замин, аз як замин рӯёнидани чанд ҳосил ва ҳамчунин захираи кофии хӯрока барои тирамоҳу зимистони дар пешистода ба сокинони деҳаи Чуқураки Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт (дар аксҳо) бо усули хона ба хона суҳбат намуданд.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки сокинони маҳалла ба камбуди об нигоҳ накарда, аз заминҳои наздиҳавлигии худ самаранок истифода менамоянд. Онҳо кӯшиши онро доранд, ки аз як замин вобаста ба иқлими диёр камаш  ду ҳосил ба даст биоранд.