Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” муште бар даҳони ҳарзагӯёни душманони миллат аст

Ховалинг: Вокуниш  

Роҳбарон ва думравони Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом мунтазам аз сомонаҳои интернетӣ, ки таъсис додаанд, нисбати давлату Ҳукумат туҳмату буҳтон  намуда, бо ин роҳ мехоҳанд, ки норозигии мардумро нисбати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Тоҷикистон  ба вуҷуд оварда, ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор намуда, пеши роҳи тараққиёти кишварро гиранд.Наҳзатиҳо бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки шахсони манфиатҷӯро ба тарафи худ ҷалб намуда, онҳоро дар ба амл овардани бенизомӣ дар ҷомеа истифода намоянд.

Чунин амалкардро  онҳо дар ноҳияи Рушону шаҳри Хоруғи Вилояти Бадахшони   Куҳӣ низ итифода намуданд.Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони Мактаби сиёсии Пешвои миллат, ки фаъолияти Президенти ҷумҳурӣ, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол бо рисолати адолатпарварию инсондӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ, нексириштию поктинатӣ, садоқатмандию ватандӯстӣ ва созандагию бунёдкорӣ  инъикос намуд, муште бар даҳони ҳарзагӯёни душманони миллат аст.

Фирдавс Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.