Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Кӯлолон” доир карда шуд.

Ховалинг: Ҳисобот  

Санаи 28 июни соли 2022 маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кӯлолон” –и Ҷамоати деҳоти Шукнов доир карда шуд. Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Давлатов Ҷамолхон дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ бо маърӯза баромад намуд.

Баъди маърӯза ва баромадҳо аъзоёни ташкилот нақшаи кории ташкилот, раиси ташкилот  ва вакилонро ба конференсияи ноҳиявии Кумитаи иҷроия ҲХДТ тасдиқ ва интихоб намуданд.Давлатов Ҷамолхон аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кӯлолон” интихоб карда шуд .

Дар баромади раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оиди муваффақиятҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қайд гардид, ки аъзоёни ташкилот дар давраи ҳисоботӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, маъракаҳои сиёсӣ ва дигар чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок менамуданд. Бо қувваи ҳизбиён дар давраи ҳисоботӣ 500 метр роҳ сангфарш ва зиёда аз 200 бех ниҳолони боровару сояафкан шинонида шуд. 

Панҷ оилаи ниёзманд таҳти сарпарастии ташкилот қарор дошт.  Ба онҳо дар баробари дигар кумакҳо дар коркардди замини назди ҳавлигӣ ёрӣ расонида шуд.