Корҳои таблиғотӣ ҷиҳати истифодаи самараноки замин дар деҳаи Дараи Мухтор

Ховалинг:  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия рӯзи 28 июни соли 2022 ҷиҳати ба мардум фаҳмонидан  дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Дараи Мухтори Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт рафта, бо усули хона ба ба хона (дар аксҳо) ба сокинони маҳалла  суҳбат намуданд.

Дар баромади кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қайд шуд, ки дар шароити рӯз аз замин истифодаи самаранок намудан   ба оила фоидаи соф меорад. Аҳли оила метавонанд маблағи аз инҳисоб сарфа шударо барои дигар хароҷот истифода намоянд.