Сокинони ноҳияи Ховалинг, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, бобати самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ фаъолиятро боз ҳам пурзур намуда истодаанд.
Алҳол дар аксарияти оилаҳо зироати якум, ки парвариши картошка ва лубиё буд ғундошта, кишти дуюмро ба роҳ мондаанд, ки метавонанд аз замин ду ё се ҳосил бардоранд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг мунтазам тариқи усули хона ба хона аз рафти фаъолияти сокинони ноҳия дидан намуда, бо онҳо перомуни мавзуъҳои гуногун суҳбат меороянд.