Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии «Истиқлол»

Ховалинг:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Истиқлол» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ, котиб ва аъзоёни ташкилот иштирок доштанд.

Ҳамчунин, дар кори маҷлис мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Ҷаъмахон Файзов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттиоот Фарҳод Давлатов ва  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Садбарг Давлатова ширкат намуданд.

Маҷлис аз рӯи масъалаҳои зерин: Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Истиқлол» -и ноҳияи Ховалинг. оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи солҳои 2022-2023 ва нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.

  1. Дар бораи аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии «Истиқлол»
  2. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Истиқлол».
  3. Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Истиқлол».
  4. Интихоби вакилон ба Конференисияи-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ва дигар масъалаҳои ҷорӣ кори худро оғоз намуд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба фаъолияти ташкилоти мазкур ба таври пурра ҳисобот дод. Аз рӯи дигар масъалаҳо аъзоён баромад ва суханронӣ карданд. Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ ва муовини ӯ аз сари нав бо овоздиҳии якҷояи аъзоён интихоб гардид.