Омӯзиши пурраи Конститутсия ва иҷрои талаботҳои қонунҳо вазифаи ҳар яки мост.

Ховалинг: Андеша  

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормонҳои халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда, арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодати ин гуфтаҳост.

Қабули ин санади олии ҳуқуқӣ дар кишвари мо-Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузурги таърихӣ аст. Бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.

Пешвои муаззами миллатамон дар арафаи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатиашон, ки саннаи 28 декабри соли 2023 баргузор гашт, соли 2024-ро ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон доштанд. Мақсад аз эълон доштани соли «Маърифати ҳуқуқӣ» ин бори дигар ба шарҳӯ муҳтавои Конститутсия сарфаҳм рафтан ва пурра омӯхтани он, иҷрои талаботҳои ҳар як банду зербанди моддаву бобҳои ин санади олии ҳуқуқӣ аст. Тавассути омӯзиши пурраи Конститутсия мо метавонем аз ҳуқуқҳои худ истифода намуда, дар пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ низ саҳми худро гузорем ва ба ин васила маърифати ҳуқуқии худ ва ҳамватанонро боло бардорем.

Ҳар яки мо соҳибватанон бояд шукргузор аз он бошем, ки Пешвои муаззами миллати мо бобати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мо зимни ҳар як маҷлису анҷуманҳо иқдому пешниҳодҳоеро роҳандозӣ менамояд, ки боиси дастгириву пазируфтани ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад. Аз ин рӯ вазифадорем, ки дар партави дастуру супоришҳои ин фарзанди хирадманду фарзонаи миллат, абармарди дунёи сиёсат фаъолият намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳама шаҳрвандон аз сидқ фаъолиятамонро пурзур намуда, барои омӯзиши пурраи Конститутсия ва иҷрои талаботҳои қонунҳои ҷорӣ камари ҳиммат бандем.

Дар ҳар як вохӯриву суҳбатҳо оид ба ин масъала суханронӣ намуда, кӯшиш намоем, ки насли наврас низ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро омӯхта, дар доираи қонунҳои он амал намоянд. Ба ин васила метавонем, дар рушуд нумуи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми муносиб гузорем.

Фарҳод Давлатов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.