Кабудизоркунӣ дар ноҳияи Ховалинг

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Ховалинг вобаста ба кабудизоркунии табиати зебои диёр ва маркази ноҳия, ки мақса ҳифзу нигоҳдории муҳити зист мебошад ҳама коллективи кормандон аз ташкилоту муассисаҳо ва аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кушиш ба харҷ дода истодаанд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ қитъаи заминро ҷудо намуда, арарбоғ ташкил намуданд.

Дар шинонидани дарахт ва қаламчаҳои арар коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо, аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастаҷамъона ширкат намуда, ниҳолҳои арарро шинониданд, ки дар оянда манфиати бештар ба бор хоҳад овард.