Шанбегӣ ва гулшинонӣ дар назди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг

Ховалинг:  

Оғоз аз саршавии мавсими баҳор дар ҳама ташкилоту муассисаҳо мунтазам шанбегиҳо гузаронида шуда, атрофи бинову иншоотҳо, роҳраву ҷӯю канал ва заҳбурҳоро тоза менамоянд.

Ҳамчунин заминҳои назди ташкилоту муассисаҳоро  хокгардон намуда, гулҳои ороишӣ  сабзавот кишт менамоянд, ки ба манфиати муассиса ва коллективи кормандон аст.

Коллективи кормандони Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия-аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» низ дар қатори дигар коллективҳои меҳнатӣ назди Осорхонаро тозаву озода намуда, дар замини назди идора намудҳои гуногуни гулҳои ороиширо шинонидаанд, ки ба ҳусни Осорхона зебогии дигар зам менамояд.