Ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Ховалинг рушд ёфтаанд

Ховалинг:  

Рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Ховалинг аз амалҳои доимии коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошанд.

Дар ҳама ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ насб гардида, ҳунару дастовардҳои онҳо ба маърази дид гузошта шудааст. Ин амал иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошад,ки мунтазам сокинони ноҳия пайи иҷрояш камари ҳиммат бастаанд.

Натиҷа ҳамин аст, ки дар ҳама ҷашну чорабиниҳо намоиши ҳунару маҳорати сокинони ноҳия, аз ҷмула ҳунарҳои миллӣ ба маърази дид гузошта мешавад.