АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Коллективи кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг-аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Истиқлол» мунтазам аз рӯзҳои офтобӣ истифода намуда, аксияи тозагӣ ташкил менамоянд.

Дар ин аксия онҳо ба тозагии атрофи бинои мақомот машғул гардида, роҳу роҳравҳо, ҷую обравҳо ва боқимондаи партову хасрубаҳоро тоза менамоянд. Ҳамчунин, шохаву навдаҳои хушки дарахтони сояафкану ороиширо бурида, бехи онҳоро нарм месозанд.

Ин амали онҳо мунтазам дар рӯзҳои шанбе ва дигар рӯзҳои офтобӣ ба роҳ монда мешавад.