ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИ НОҲИЯ ДАРАХТОНИ МЕВАДИҲАНДА, ҲАМЕШАСАБЗУ ОРОИШӢ ШИНОНИДА ШУД.

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Литсейи касбии техники ноҳия дарахтони мевадиҳанда, ҳамешасабзу ороишӣ  дар  саҳни муассиса шинонида шуд.  

Дар ин маърака коллективи кормандони Литсейи касбии техники ширкат намуданд.

Онҳо аз рӯзҳои мусоиди офтобии фасли баҳор истифода намуда, дар саҳни муассиса дарахтони мевадиҳанда, сояафкану ороиширо шинониданд, ки ба ҳусни муассиса зебогии дигар зам намуд.

Дар ин маъракаи кабудизоркунӣ роҳбарияти Литсейи касбии техники шахсан ширкат намуда, саҳми худро дар шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ гузоштанд.