Наврасони мактаби санъати бачагона ҳаматарафа олмодагӣ гирифтаанд баҳри таҷлили рӯзи Артиши миллӣ

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Омӯзгорон ва хонандагони мактаби санъати бачагонаи ба номи Фатҳиддин Тешаеви ноҳияи Ховалинг имрӯзҳо дар қатори фаъолияти омӯзишии худ омодагӣ ба ҷашну чорабиниҳоро низ сармашқи фаъолият медонанд.

Имрузҳо ин коллектив пайи омодагӣ баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 31-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ буда, вобаста ба ин чорабинӣ шеъру суруд, суханҳои пурмуҳтаво аз таърихи аъсисёбии Артиши миллӣ ва тамрин намудани рақсҳои ҷолиб баҳри рангину гуворо гузаронидани чорабинӣ мебошанд.

Аҳсан, ба маъумрияти ин муассиса, ки дар қалби наврасон ҳисси баланди масъулияти фарҳангию ҳунармандиро бедор месозанд.