Ташаббуси ҳизбиён ба пешвози 29-солагии таъсисёбии ҲХДТ

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба пешвози 29-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тасмим гирифтанд, то ташаббусҳои ҳизбӣ нишон диҳанд. Ташаббуси навбатие, ки аз тарафи аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ ба вуқуъ пайваст, сангфарш намудани роҳи маҳаллаи Обидара буд.

Роҳи мазкур хокӣ буда, дар фасли зимистон ҳангоми боридани барф ва дар фасли баҳор ҳангоми боридани боронҳои пайдарпай корношоям гардида, равуо дар ин роҳ мушкилиҳоро ба бор меовард. Сокинон рӯзҳои зиёд ба маркази ноҳия рафта наметавонистанд.  Алҳол бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ҳиизбӣ ин мушкилиҳо бартараф гардида истодаанд.