Ташаббусҳои ҲХДТ боиси дастгирист

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамаи он   ташаббусҳое, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад, ба манфиати давлат ва ҷомеа мебошанд.

Нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму  тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон” аз ҷумлаи ин ташаббусҳост. Баргузории “Соати сиёсӣ” боиси баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону  ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба гузаштаи пурғановати миллат мегардад.  Дар семинари доиргардида дар бораи чӣ тавр баргузор намудани “Соати сиёсӣ” мо боз маълумоти бештар пайдо намудем.

 Амирсаидов Маҳмадназар,  мудири маорифи ноҳияи Ховалинг