ДАР МАВЗӮИ «ҲИФЗИ ВАТАН ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДИИ МОСТ» БО АЪЗОЁНИ ТҶҶ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» СУҲБАТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Ховалинг: Созандагони ватан  

Мудири бахши ҷавонон аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия вохӯрӣ намуда, дар мавзӯи «Ҳифзи Ватан қарзи ҷавонмардии мост» суҳбат намуд.

Дар суҳбат бо хонандагон иброз дошт, ки ҳар як ҷавонмарди бо нангу ори кишварро зарур аст, ки синнаш, ки ба 18 расид бояд ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ рафта, барои шомил шудан ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод намояд. Зеро хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафу номуси ҳар як ҷавонмард аст.

Аз ин рӯ мебояд барои ҳифзи марзу буми кишвар ва Ватани азизамон ҷони худро дареғ надошта, дар қатори дигар сарбозону афсарон мо низ сарбози шуҷоъу далери Ватан бошем.

Ин нуқтаро хонандагони синфҳои болоӣ хуш пазируфта, иброз доштанд, ки кушиш менамоянд, то  баҳри ҳифзу нигоҳдории ҳар як каф хоки Ватан саҳми муносиб гузошта, шомил ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд ва шермарди бонангу ори кишвар бошанд.