Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 семинар баргузор гардида, омӯзгорони ҷавон аз ҳама муассисаҳои таълимӣ дар ин семинар иштирок намуданд.
Мавзӯи асосии семинар таҷрибаомӯзии омӯзгорони ҷавон нисбат ба фанҳои дақиқ буд. Ба иштирокчиёни семинар омӯзгорони соҳибтаҷриба, кормандони масъули шуъбаи маорифи ноҳия ва намояндагони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дарс гуфтанд.
Омӯзгорони ҷавон аз ин семинар донишҳои баланди дарсӣ бардошта, таҷрибаи худро нисбати фанҳои дақиқ ғанӣ гардониданд.
Боварӣ ҳаст, ки чунин семинар-машваратҳо дар ҳама самтҳо зиёд гардида, мутахассисони ҷавон донишу малакаи худро васеъ мегардонанд.